Тоҷикӣ

Фасли 7. Тартиби нигоҳдории сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемаҳсул

            Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

 

ФАСЛИ 7. ТАРТИБИ НИГОҲДОРИИ САГҲО, ГУРБАҲО  ВА ҲАЙВОНОТИ БЕМАҲСУЛ


  1. Бо максади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳолатисанитарӣ  дар шаҳри Душанбе соҳибони сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул  барои риояи талаботхои зерин вазифадоранд:

      а) қатъиян иҷро кардани қоидаҳои нигоҳубини  сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул;

      б) пайваста дар ҳолати тозаву озода нигох доштани ҳуҷраҳои     сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул ва ҳудуди назди ҳуҷрагӣ;

  1. Қатъиян манъ карда шавад:

      а) беназорат мондани сагу гурбаҳо дар ҳудуди ташкилоту корхонаҳо  ва ҳавливу биноҳои сераҳолӣ;

      б) бароварда чаронидани ҳайвонот дар ҳудуди шаҳр, ба сайру гашт баровардани сагҳо бе дахонпуш дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва оббозӣ доштани сагҳо дар кӯлу каналу селпартовҳо ва ҷӯйборҳои шаҳр;

      в) харидорӣ, фурӯш, ворид кардан ё ба каси дигар супоридани   сагҳо, гурбаҳо ва ҳайвоноти бемахсул бе иҷозати бойтори (ветеринари) шаҳр;

      г) бароварда партофтани поруҳо (ахлоти хайвонот) дар нуктахои партовпартоии шахраку махаллахо ва партовгоҳи шаҳр.

           Шахрвандон ва шахсони масъуле, ки талаботхои банди мазкурро вайрон мекунанд, тибки санадхои меъёрии хукукии амалкунанда ба чавобгари кашида мешаванд.

                   



Илова кунед