Рушди иқтисодиёт

    НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2020 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.

Новобаста аз таъсири бемории сироятии короновирус (COVID-19) тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ).

Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,0 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19,0 фоизро ташкил дод.

 Тамоюли афзоиши ҳаҷми номиналӣ ва рушди воқеии МММ дар солҳои 2019 ва 2020

  Дар моҳҳои январ - декабри соли 2020 сохтори МММ аз ҳисоби истеҳсоли молҳо 19,4 фоиз (моҳҳои январ - декабри соли 2019-ум 21,4 фоиз), хизматрасонӣ 77,5 фоиз (75,3 фоиз) ва андозҳо 3,1 фоиз (3,4 фоиз) ташаккул ёфтааст.

 Сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар солҳои 2019 ва 2020 (бо фоиз)

 Дар соли 2020 рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 104,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 100,1 фоиз, гардиши савдо 102,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 105,5 фоиз ва боркашонӣ 109,0 фоиз таъмин гардидааст.

Соҳаи саноат

Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2020 заминаи мусоид фароҳам овард. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 483 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоизро ташкил дод.

 Тамоюли ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар солҳои 2019 - 2020

 Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 55,2 миллион сомонӣ ё 135,5 маротиба, саноати коркард 1591,0 миллион сомонӣ ё 96,3 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1026,7 миллион сомонӣ ё 107,7 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа 62,5 миллион сомонӣ ё 103,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.

Дар соли 2020 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои И. Сомонӣ -101,6 фоиз, Шоҳмансур - 92,7 фоиз, Фирдавсӣ - 103,9 фоиз ва Сино - 111,1 фоизро ташкил додааст.

Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсолоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли чарму пойафзол 32,4 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 8,8 фоиз, истеҳсоли кимиёвӣ 1,7 маротиба, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 12,4 фоиз, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 1,7 маротиба ва дигар истеҳсолот, таъмир насби мошину таҷҳизотҳо 13,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

 Таносуби соҳаҳои саноат дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 (бо фоиз)

    Дар ин давра 251,5 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 9,5 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли он 2,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулот дар анбори корхонаҳо бо инобати захираи маҳсулот аз соли қаблӣ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин давра 2,6 миллиард сомонӣ ё 97,8 фоизи он ба фурӯш бароварда шудааст.

Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 6,0 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар шаҳр 33 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 ҷойи нави корӣ зиёд мебошад.

Зикр намудан зарур аст, ки дар ин давра бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, инчунин 7 адад корхонаҳои саноатӣ дар кӯчаи Зебуниссо 5 ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ

 Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 1,7 миллиард кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,0 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли энергия дар солҳои 2019 – 2020

  Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 3,1 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,8 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Хароҷоти технологии (талафот) барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,0 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ кам мебошад.

Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 740,6 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад, 643,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 86,8 фоизи нақша баробар мебошад.

Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 377,1 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он 328,7 миллион сомонӣ ё 87,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 1,2 миллион Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,1 фоиз зиёд мебошад.

Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 51,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 14,6 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 36,7 миллион сомонӣ интиқол гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ пардохти маблағҳо дар маҷмӯъ 44,3 миллион сомонӣ ё 86,2 фоиз, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ 12,9 миллион сомонӣ ё 88,1 фоиз ва аз ҷониби ташкилоту идораҳои гуногун 31,3 миллион сомонӣ ё 85,4 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 2511 адад иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар маҷмӯъ ба 2562 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки 102,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ

 Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар солҳои 2019 – 2020

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1,0 миллиард сомонӣ ё 31,3 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 1,5 миллиард сомонӣ ё 46,5 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 716,9 миллион сомонӣ ё 22,2 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, лоиҳакашию муҳаққиқӣ ва бартарафкунии иншоотҳо дар ҳаҷми 666,4 миллион сомонӣ (барои корҳои сохтмону васлкунӣ 473,0 миллион сомонӣ, корҳои лоиҳакашӣ 895,2 ҳазор сомонӣ ва барои бартарафкунии иншоотҳо 192,5 миллион сомонӣ) маблағгузорӣ амалӣ шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби муассиса дар 13 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, бахусус дар соҳаи манзил 1 иншоот, коммуналӣ 5 иншоот, маориф 1 иншоот, фарҳанг 3 иншоот ва дигар соҳаҳо 3 иншоот, инчунин дар 9 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи манзил 1 иншоот, коммуналӣ 4 иншоот, фарҳанг 1 иншоот, тандурустӣ 1 иншоот ва дар дигар соҳаҳо 2 иншоот) дар ҳаҷми 283,9 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.

Дар ин давра дар 8 иншоот корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дар 2 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ бо маром идома доранд.   

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 12 иншоот барои 13900 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6140 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6560 ҷой идома доранд.

Инчунин, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби соҳибкорону эҳсонкорон корҳои лоиҳакашии 7 муассисаи таълимӣ барои 5792 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидааст.  

Дар ин давра сохтмони 13 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2000 ҷой ва корҳои лоиҳакашии 9 муассисаи томактабӣ барои 1900 ҷой идома доранд.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи обии шаҳри Душанбе, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва корхонаи дӯзандагии «Тоҷтекс», ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар баробари ин, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагӣ дар ҳудуди литсейи Президентӣ барои 624 ҷой ва хобгоҳ барои 162 нафар ва аз ҳисоби соҳибкорон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №65 ва №102 барои 2200 ҷой, инчунин 2 адад муассисаи томактабӣ барои 720 ҷой бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. 

Айни замон, ҷиҳати бунёди «Майдони истиқлол» дар марҳилаи якум корҳои бартарафкунии 283 адад иншоотҳо, ки арзиши умумии он 11,0 миллион сомониро ташкил медиҳад, пурра ба анҷом расида, дар марҳилаи 2 корҳо тибқи лоиҳа бо маром идома дошта, то инҷониб ба маблағи умумии 30,4 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расидааст.

Ҳамзамон, таҷдиду таъмири пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар хиёбони Б. Ғафуров ва кӯчаи А. Ғуломов ба анҷом расида, ба истифода дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани  корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4145 чорабиниҳои гуногун бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе 3516 чорабинӣ амалӣ карда шуд, ки ин 85,0 фоизи иҷроиши нақшаи умумиро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки баҳри истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе барои бунёди 7 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,0 километр, дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ва дар сохтмони 27 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 211,4 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 259,4 миллион сомонӣ баробар гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда сохтмони 47 адад истгоҳҳои нави замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосӣ» сохтмони 25 адад ба маблағи 7,0 миллион сомонӣ ва аз ҷониби МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» 22 адад ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакадаи Қарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, сохтмони роҳи автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км амалӣ гардида истодааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 1,7 километр ба нақша гирифта шуда, аз ин 
дар 1 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 0,7 км корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд.

Бояд қайд кард, ки бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.

Нақлиёт

 Дар соли ҷорӣ бо ҳама намудҳои нақлиёт 10,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 9,2 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 91,8 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз зиёд мебошад.

 Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар солҳои 2019 – 2020

 Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 286,7 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта ба 92,0 фоиз баробар мебошад.

Бо нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ) дар ин давра 266,8 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 92,2 фоиз баробар мебошад.

Шурӯъ аз 15 майи соли 2020 бинобар сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) баромади воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шабакаи нақлиётӣ ба меъёри муайян кам гардида, ин омил ба нишондиҳандаҳои асосӣ, ҳаҷми мусофирон ва гардиши мусофирон таъсири манфӣ расонидааст.

Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти  комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.

Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ  амалӣ гардида истодааст.

Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 26 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 4940 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 633 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 2750 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.

Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 340 адад автобус, 60 адад троллейбус, 1180 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 1550 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.

Аз шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналии шаҳр 64 адад автобусҳои тамғаи гуногуни «ISUZU», 335 адад тамғаи «AKIA», 38 адад тамғаи «ЛиАЗ», 29 адад тамғаи «ПАЗ», 2 адад тамғаи «Кинг-лонг»,
4 адад тамғаи «SAZ» ва 161 ададро «Троллейбус» ташкил медиҳанд.

Дар ин давра бо дарназардошти ворид ва ба истифода додани автобусҳои нави замонавӣ, инчунин вобаста намудани баъзе аз хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусии корхонаҳои коммуналӣ, ҳиссаи бахши коммуналӣ дар хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиёти хусусӣ зиёд гардидааст.

Бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ 2750 адад нақлиётҳои ширкатҳои кироякаши таксӣ бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонида шуд.

Тибқи шартномаи дуҷониба аз Ҷумҳурии Белорусия харидорӣ намудани 100 адад троллейбусҳои муосир (беноқили то 15 км ҳаракаткунанда) ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 91 адади он ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли ҷорӣ тибқи шартномаи ба имзорасонидашуда харидории 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, айни замон 36 адади он ба тавозуни корхонаҳои коммуналии нақлиётии шаҳри Душанбе супорида шудааст.

Дар хатсайрҳо микроавтобусҳои тамғаи «Karsan», «Iveco», «Jac» ба фаъолият оғоз намуда, бо инобати қонеъ гардонидани талаботи мусофирон дар оянда банду баст ва истеҳсоли онҳо дар заминаи корхонаи муштарак ба роҳ монда мешавад.    

Бояд қайд намуд, ки низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ ва амалӣ гардида истодааст.

Дар ин давра дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ғайр аз ҷорӣ намудани корти электронӣ воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфон) бо сабт намудани барномаи махсус мавриди истифодабарӣ пешкаш гардидааст, ки тибқи мушоҳидаи низоми электронӣ шумораи онҳо рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Аз оғози татбиқи низоми мазкур то давраи ҳисоботӣ барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ тибқи низоми мазкур зиёда аз 521,1 ҳазор адад кортҳои пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, дар ин давра бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт (автобус ва троллейбус), тарофаҳои нави нимсола ва солона бо категорияҳои «хонанда», «донишҷӯ» ва «шаҳрванд»  пешниҳод гардидааст.

Гардиши савдо

 Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 9,0 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдо дар солҳои 2019 – 2020

 Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 2,6 миллиард сомонӣ ё 102,4 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 6,4 миллиард сомонӣ ё 102,4 фоиз мусоидат намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 6,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 5,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар сохтори хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ саҳми корхонаҳои бахши давлатӣ ба 1,7 миллиард сомонӣ ва бахши
ғайридавлатӣ ба 5,0 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 144,3 фоиз ва 96,7 фоизро ташкил медиҳад.

Сатҳи таваррум

Дар моҳи декабри соли 2020 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2019) дар сатҳи 9,0 фоиз нигоҳ дошта шуд.

 Сатҳи таваррум, индекси нарх ва тарофаҳо дар моҳи декабри соли 2020 нисбат ба моҳи декабри соли 2019 (бо фоиз)

 Ба болоравии сатҳи таваррум дар ин давра зиёд гардидани нархи молҳои ғайриозуқаворӣ 12,4 фоиз, хизматрасониҳо 2,0 фоиз ва молҳои озуқаворӣ 10,8 фоиз таъсир расонидааст.

Зиёд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби баланд шудани нархҳои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ -103,5 фоиз, шакар -136,7 фоиз, орди навъи якум - 114,6 фоиз, равғани маска - 117,5 фоиз, макарон - 127,0 фоиз, картошка - 104,4 фоиз ва меваҷот - 115,4 фоиз ба амал омадааст. 

Буҷет

Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида дар соли 2020 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 3,1 миллиард сомонӣ ё 107,5 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 217 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 109,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2,1 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 175 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи даромади буҷет дар солҳои 2019 – 2020

 Воридоти контингенти умумии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи И. Сомонӣ 100,0 фоиз ё ба маблағи 735,1 миллион сомонӣ, ноҳияи Шоҳмансур 100,8 фоиз ё ба маблағи 991,9 миллион сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 101,1 фоиз ё ба маблағи 389,3 миллион сомонӣ ва ноҳияи Сино 104,0 фоиз ё ба маблағи 806,8 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 97,7 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 2,0 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 999,7 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 11,4 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардидааст.

Гардиши ҳуҷҷатҳо

 Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомот 21343 мактуб, аз ҷумла аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 адад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 923 адад, вазорату идораҳо 1100 адад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 405 адад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва муассисаву ташкилоти тобеи шаҳрӣ 17357 адад, хориҷи кишвар 117 адад, бонкҳо 62 адад, барқияҳо 322 адад ва тавассути суроғаи электронии мақомот 553 адад ворид гардид.

Дар ин давра аз шумораи умумии мактубҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, 29 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 адад амр, 15 адад фармон, 99 адад қарор, 20 адад фармоиш, 28 адад қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва 280 ададро нусха аз Протоколи маҷлисҳои Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди корбарӣ қарор дода шуданд. 

Вобаста ба моҳияти мактубҳои воридшуда аз ҷониби мақомот ба 11719 мактуб ҷавоби расмӣ ирсол гардида, 8956 мактуб барои маълумот ва 188 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд. 

Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе 709 адад қарор ва 301 адад амр ба имзо расидааст, ки иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд.

Муроҷиати шаҳрвандон

 Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот тасдиқ гардида, дар асоси он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби сокинони шаҳр дар маҷмӯъ 5460 адад муроҷиат ворид гардид.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида 4282 ададро муроҷиати хаттӣ, 216 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе ва 962 муроҷиат аз дигар мақомотҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 1040 ададро муроҷиати шифоҳӣ тавассути телефони боварӣ ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шуданд.

Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои хаттии воридгардида аз тарафи сохторҳои дахлдори мақомот ва сохторҳои шаҳрӣ 5450 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ин 99,8 фоизи муроҷиатҳои воридгардидаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 2109 нафар шаҳрвандон қабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостҳои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол карда шуд.     

Бояд тазаккур дод, ки қабули муроҷиатҳо тавассути суроғаи электронии «dushanbe80@yahoo.com» ва шабакаҳои иҷтимоии  «Viber», «Whatsapp» ва «IMO»-и мақомот ба роҳ монда шудааст, ки дар ин давра 570 адад аксу наворҳо қабул гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шудааст.

Ҳайати кадрӣ

Мувофиқи басти корӣ дар мақомот 212 воҳиди корӣ муқаррар гардида, аз ин шумора дар дастгоҳи Раиси шаҳр 88 воҳиди корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 124 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ 195 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд. 

Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 52 нафарро занҳо (26,7 фоиз) ва 143 нафарро мардон (73,3 фоиз) ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии занҳои фаъолияткунанда 8 нафар занон дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомот фаъолият менамоянд.

Дар ин давра бо мақсади такмил додани донишу малакаи кормандони мақомот мунтазам баргузории машғулиятҳои идоравӣ ва семинарҳо дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 феврали соли 2020, №101 ва 20 августи соли 2020, №2020 «Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» 30 нафар довталабон ба мансабҳои холӣ таъин гардид.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра зиёда аз 22 нафар кормандони мақомот дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ

 Дар ин давра дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 42503 адад расидааст.

Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 7312 нафар ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 34903 нафар, аз ҷумла бо патент 23756 нафар ва бо шаҳодатнома 11147 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ин давра як қатор корҳо мавриди амал қарор дода шуд.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 155 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ин давра, дар ҳудуди пойтахт 45 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 29 корхона ба маблағи умумии 52,7 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 16 корхона ба маблағи умумии 101,9 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб 422,5 миллион доллари ИМА ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 28,5 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Истифодаи амволи коммуналӣ

 Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 281 иҷорагир, аз ҷумла 18 иҷорагири манзилҳои истиқоматӣ ва 263 иҷорагири қисми иншоотҳо 4,9 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети шаҳр ворид гардидааст.

Масоҳати умумии иҷора 104,0 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод, ки ба таъмини 1905 ҷойи нави корӣ мусоидат намудааст.

Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби хусусигардонии моликияти коммуналӣ ба андозаи 2,0 миллион сомонӣ ба буҷети шаҳр маблағ ворид гардид.

Вазъи бозори истеъмолӣ

Дар соли 2020 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия як қатор санадҳои дахлдор, аз ҷумла қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 январи соли 2020, №9 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2020» таҳия ва ба тасвиб расид.

Бо мақсади иҷрои қарори болозикр корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 13,6 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2020, №295 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020»  КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вазифадор гардидааст, ки маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка – 3000,0 тонна, пиёз – 4000,0 тонна, сабзӣ – 500,0 тонна, шакар – 2000,0 тонна, равғани растанӣ – 300,0 тонна, орд – 3000,0 тонна ва биринҷ – 100,0 тонна захира намояд. Дар ин давра нақшаи захираи картошка – 111,0 фоиз, пиёз – 105,0 фоиз, сабзӣ – 114,0 фоиз, шакар – 125,0 фоиз, равғани растанӣ – 2,7 маротиба, орд – 146,0 фоиз ва биринҷ – 146,0 фоиз иҷро гардидааст. Ба ин нигоҳ накарда корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби корхонаи мазкур дар маҷмӯъ дар ин давра ба миқдори 228,6 тонна гӯшти гов ва 112,1 тонна гӯшти гусфанд бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шудааст. 

Дар баробари ин аз ҷониби корхонаи мазкур дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Белоруссия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон харид ва воридоти маҳсулотҳо, аз ҷумла шакар, равғани растанӣ, орд, гандум, биринҷ ва гӯшти гов ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини талаботи истеъмолкунандагон тавассути бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2019, №АП-1140 бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2019, №58 ба тасвиб расидааст.

Дар ин давра, аз ҷониби мақомот якҷо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ идҳои «Каду, харбуза ва тарбуз», «Асал», «Ангур ва дигар анвои меваҷот» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ғолибони он бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Баъд аз ҷамъбаст намудани баргузории идҳои болозикр маҳсулотҳои он, бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши меҳмонон ва харидорони бозор гардонида шуд.

Бо мақсади солим нигоҳ доштани сокинони пойтахт ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) аз ҷониби сохторҳои назоратии мақомот гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои корӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, хӯроки умумӣ ва коммуналии шаҳр чорабиниҳои санитарию дезинфексионӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ гузаронида шуда, дар ин самт мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардидааст.

Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ

 Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар ин давра як қатор чорабиниҳо ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонии он дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои зикргардида асосан барои кам намудани талафоти оби нӯшокӣ равона гардида, дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 142 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 миллион метри мукааб зиёд мебошад. Талафоти оби нӯшокӣ ба 68,8 миллион метри мукааб баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллион метри мукааб кам мебошад.

Аз ҷониби корхонаи мазкур ба истеъмолкунандагон ба маблағи 93,6 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 87,1 миллион сомонӣ ё 93,1 фоизро ташкил намудааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 45,4 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 41,4 миллион сомонӣ ё 91,2 фоизро ташкил додааст.

Бо мақсади беҳдошти вазъи обтаъминкунӣ дар минтақаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубу шарқии пойтахт «Лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 45,8 миллион доллари ИМА байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёгии Рушд ба имзо расида, то ин ҷониб 95 фоизи корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расидааст. 

Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи сектори обтаъминкунӣ ва корезӣ (канализация) дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе (ноҳияи Сино) аз ҷониби мақомот бо Бонки ҷаҳонӣ гуфтушунидҳо баргузор гардида, барои татбиқи лоиҳа аз ҷониби бонки мазкур дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағи грантӣ дастгирӣ ёфтааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он сари вақт қабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 335,5 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо қабул ва тахту ҳамвор намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини чораҳои аввалиндараҷа оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба мавсими боронгариҳо ва эҳтимолияти рух додани селу обхезиҳо, инчунин таъмини сатҳи санитарию эпидемиологӣ ва тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо дар ҳудуди пойтахт, бо қувваи техникаю механизм ва коргарон қисматҳои озоди каналу селпартоҳо аз гилу шағал ва партовҳо ба масоҳати 35,7 ҳазор метри мукааб тоза карда шуд.

Ободонӣ

 Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 13,3 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 271,8 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.

Бо мақсади обпошӣ намудани минтақаҳои дахлдори шаҳр дар 79 кӯчаю хиёбонҳо 59 адад автомашинаҳои обкашонӣ сафарбар карда шудааст, ки тариқи онҳо дар як шаб ба миқдори 3,6 ҳазор метри мукааб дарахту буттаҳо ва майсазорҳо бо об таъмин мегарданд.

Қайд менамоем, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонии пойтахт дар ин давра 36 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки 570,8 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби 1557 адад техникаҳои махсуси партовкашонӣ ба миқдори 2,8 ҳазор тонна партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол карда шуд.

Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.

Ҳамзамон, баҳри таъмин намудани кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо ба миқдори 2,1 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шудааст, ки айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд.

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахт ва кабудизоркунӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе шанбегиҳои умумишаҳрӣ баргузор карда шуд.

Шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 31810 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9387 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин карда шуд.

Аз теъдоди умумии бокортаъминшудагон 5343 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Қобили тазаккур аст, ки аз ҳисоби ҷойҳои кории аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бандшуда (квота) 906 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 2610 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд, ки ин нишондиҳанда 104,4 фоизи иҷроиши Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанберо ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии ба касбомӯзӣ фарогирифташудагон 2262 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар заминаи маълумоти ҷамъовардашуда ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 36 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки тавассути он 678 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ин давра ба 233 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи умумии 716,8 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Бо мақсади дастгирии табақаҳои осебпазири пойтахт ба оилаҳои камбизоат дафнпулӣ ба маблағи 114,3 ҳазор сомонӣ, ба кӯдакони то синни 16 сола, ки гирифтори бемории ВНМО мебошанд, ба маблағи 988,3 ҳазор сомонӣ ва бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба оилаҳои камбизоату ниёзмандон дар арафаи идҳо ба маблағи 13,7 миллион сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.

Ҳамзамон, бахшида ба таҷлили ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои барои ободонии пойтахт ба шахсони дорои имтиёзҳо, ки дар рушду нумуъи пойтахт саҳм гузоштанд зиёда аз 4,7 миллион сомонӣ маблағ кумак расонида шуд.

Дар шаҳри Душанбе дар соли 2020 шумораи нафақахӯрон ба 57996 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1194 ё ин, ки 2,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Аз шумораи умумии нафақахӯрон 45136 нафарро нафақахӯрони меҳнатӣ ва 12860 нафарро нафақахӯрони иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.

Талаботи маблағгузории нафақа бо назардошти андухти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо дар ин давра 297 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 миллион сомонӣ ё ин, ки 3,4 фоиз зиёд гардида, ба ҳисоби миёна ба як нафақахӯр 428,0 сомонӣ рост меояд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар назди нафақахӯрон қарздорӣ вуҷуд надорад. 

Кор дар самти идеологӣ

Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад.

Бо мақсади иштироки аҳли ҷомеа дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди маънавиёти ҷомеа, таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, бахусус ВНМО\БПНМ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим 79 маротиба вохӯрию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, савдо, иқтисод, андоз, нақлиёт, сохтмон, коммуналӣ, ободонӣ, энергетика, саноат ва бахши ҳунармандӣ,  фаъолони ноҳияҳо, инчунин сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт бо фарогирии зиёда аз 17,2 ҳазор нафар доир карда шуд.

Ҳамзамон, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) 321 гурӯҳҳои таблиғотӣ иборат аз 765 нафар таъсис ёфта, аз ҷониби онҳо ҷиҳати риояи ҳатмии пӯшидани ниқоб, дуруст нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи ҳисоботӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт, назди биноҳои истиқоматӣ, бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва боғу гулгаштҳо бо фарогирии 1,2 миллион нафар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Зимни амалиётҳои гузаронидашуда, аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Душанбе ба 86,4 ҳазор нафар сокинон ва меҳмонони бе ниқоб гашту гузоркунанда  ниқобҳои яккарата ва бисёркарата тариқи ройгон дастрас карда шуд.

Дар ин давра баҳри сазовор таҷлил намудани иду ҷашнҳои миллӣ қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таҳия ва ба тасвиб расида, дар доираи онҳо ҷиҳати таҷлили ҷашни Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуд.

Бахшида ба ин санаҳои таърихӣ чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, фароғатӣ, илмӣ, варзишӣ, аз қабили конференсияҳо, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, барномаҳои консертӣ, ҳашарҳои умумишаҳрӣ, ободкориву созандагӣ, намоишҳо бо иштироки васеи сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ гардида, шоҳроҳи протоколӣ, кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо бо шиору овезаҳо ва конструксияҳои замонавии ороишӣ-иллюминатсионӣ оро дода шуд.

Бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо даври шаҳрии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор карда шуд, ки дар он дар маҷмӯъ 94 нафар ғолиб гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмунҳои мазкур роҳхат гирифтанд.

Ҳамзамон, дар шароити тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни даври шаҳрии озмунҳои болозикр бо диплом ва мукофотҳои пулии мақомот қадрдонӣ гардиданд.

Соҳаи маориф

 Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.

Дар шаҳри Душанбе 137 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 92 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 33 муассисаи томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд.

Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 30026 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 25135 нафар дар муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1909 нафар дар муассисаи томактабии хусусӣ ва 2982 нафар дар муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1623 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.

Дар шаҳри Душанбе 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус),
3 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 129 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 22 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо фарогирии 212400 нафар хонанда фаъолият менамоянд.

Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 9442 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 579 нафар зиёд мебошад.

Дар соли таҳсили 2019 – 2020 сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе 42,6 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 97,0 фоизро ташкил намуд. Сифати таҳсилот нисбат ба соли таҳсили гузашта 0,1 фоиз баланд гардидааст.

Инчунин, дар шаҳр 5 муассисаи интернатӣ ва 1 хонаи кӯдакони синни томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 1020 нафар хонандагон, аз ҷумла 46 нафар ятими кулл ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд.

Дар ин давра 199 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ширкат варзида, 120 нафари онҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ (26 нафар ҷойи якум, 30 нафар ҷойи дуюм ва 64 нафар ҷойи сеюм) сазовор гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар заминаи Филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе 84 маротиба курсҳои баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ - тарбиявӣ бо фарогирии 1974 нафар ташкил ва баргузор карда шуд.

Қобили зикр аст, дар чор соли охир стипендияи Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст, ки то ин ҷониб беш аз 800 нафар хонандагон бо гирифтани стипендияи мазкур таъмин гардиданд.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва ба ин васила тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ озмунҳои шаҳрии «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» ҷамъбаст гардида, ғолибони онҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар ин давра аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ҷиҳати дарёфти дараҷаи тахассуси якум ва олӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 563 нафар сазовори дараҷаи тахассуси олӣ ва 94 нафар тахассуси якум гардидаанд.

Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ 430 маротиба вохӯрии масъулин миёни хонандагон ва волидайни онҳо бо фарогирии 104,2 ҳазор нафар дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор карда шуд.

Соҳаи тандурустӣ

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.

Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ 2745 кати муолиҷавӣ ва дар 2 хонаи кӯдакон 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо кӯдакони бепарастори то синни 4 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 905 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 78,0 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 26,5 ҳазор нафар ё 33,9 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 7,3 рӯзро ташкил дода, баҳри муолиҷаи онҳо дар сатҳи муносиб тамоми чораҳои судбахш роҳандозӣ карда мешавад.

Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3385 нафар табибон ва 5722 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 1302 нафар, аз ҷумла 429 нафар табибон ва 873 кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки дар ин замина 366 нафар табибон ва 466 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.

Дараҷанокии касбии табибон дар муассисаҳои тандурустӣ 96,2 фоиз ва кормандони миёнаи тиб бошад, 96,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе 231,6 ҳазор нафар занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 109,0 ҳазор  нафарашон бо маводҳои контрасептивӣ фаро гирифта шудаанд. Яке аз масъалаҳои муҳими солимгардонии аҳолии пойтахт – ин дарёфт ва пешгирии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад.

Дар ин давра 195 нафар (122 мард ва 73 зан) сироятёфтагон бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) муайян карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 53 нафар кам мебошад.

Дар муассисаҳои пешгирию табобатии тандурустии шаҳр дар ин давра 856 нафар иштирокчиёни муҳорибаву садамаҳои шадид ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз он ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 8 нафар, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 6 нафар, ҷанговарони интернатсионалист 547 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил 190 нафар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 105 нафар ба қайд гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии маҳаллаҳо, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва намозгузорони масҷидҳо оид ба пешгирии бемориҳои домана, сил, бемориҳои шадиди роҳи нафас, ботулизм, брутселлёз, гепатитҳо, бемориҳои ба воситаи об ва алоқаи ҷинсӣ гузаранда, вараҷа, нашъамандӣ, камхунӣ, ҷоғар, зукоми нав, диабети қанд ва гигиенаи шахсӣ вохӯриву мулоқотҳо баргузор карда шуд.

Соҳаи фарҳанг

 Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳо андешида, доир ба рушди ин соҳа як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.

Айни замон, дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.

Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, бахусус 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази илмию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда бо фарогирии 592 нафар корманд фаъолият доранд.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъат ва мактаби бачагонаи рассомӣ 974 нафар муҳассилин бо омӯхтани фанҳои гуногуни ҳунар ва мусиқӣ фаро гирифта шудаанд.

Фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт дар ин давра бо 2390 нусха китобу маҷаллаҳои тозанашр мукаммал гардонида шуданд.

Шумораи хонандагон дар ин давра дар китобхонаҳои  болозикр ба 42875 нафар расидааст, ки ба онҳо 63295 нусха китоб пешниҳод гардидааст.

Дар ин давра аз ҷониби Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов ва Театри намунавӣ – минётураи «Ойина» ҷиҳати баланд бардоштани маданияту маърифати шаҳрнишинӣ, ҳувияти миллӣ, ватанпарастии наврасону ҷавонон як қатор намоишнома ва саҳнаҳои ҳунарӣ рӯи саҳна гузошта шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини соҳаи фарҳанг бахшида ба санаҳои таърихӣ конференсияҳои илмӣ, вохӯриҳо бо намояндагони илму адаб, озмунҳо, маҳфилҳои адабӣ - бадеӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳангии сокинони пойтахт мусоидат менамоянд.

Зан ва оила

 Кор бо занон ва оила яке аз самти дигари фаъолияти бахши иҷтимоии мақомот ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд.

Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 410,4 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 4545 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 2166 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 6741 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1251 ҳолат кам мебошад.

Шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ба 1828 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 477 адад кам мебошад.

Дар ин давра бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила дар байни занону ҷавондухтарон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар маҷмӯъ 96 вохӯриву мулоқот, 34 семинарҳои омӯзишӣ - иттилоотӣ, 19 озмунҳои маърифатӣ -фарҳангӣ, 8 мизи мудаввар, 4 курсҳои омӯзишӣ, 8 семинар машварат, 19 чорабиниҳои фарҳангӣ, 5 гардишҳои профилактикии «Ахлоқ», 13 аксия, 16 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, 8 семинар – викторина, 28 чорабинии варзишӣ, 5 фестивал ва 160 гардишҳои маърифатӣ - иттилоотӣ дар самти пешгирии бегонапарастӣ, инчунин 177 корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сирояти каронавирус (COVID-19) баргузор гардид.

Ҷавонон

 Дар робита ба дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ 1044 чорабинӣ бо фарогирии 296,6 ҳазор нафар, баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 589 чорабинӣ бо фарогирии 221,7 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 1633 чорабинӣ бо фарогирии 491,3 ҳазор нафар гузаронида шуд.

Дар шаҳри Душанбе 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» мавҷуд буда, дар онҳо 187 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 4847 нафар варзишгарон дар 307 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.

Дар ин давра дастпарварони мактабҳои болозикр дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 5425 адад медалҳо (тилло - 2070 адад, нуқра - 1574 адад ва биринҷӣ - 1781 адад) гардиданд, ки 4665 адади он дастовардҳои дастпарварони мактабҳои варзишӣ мебошад.

Сайёҳӣ

 Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нави мелодии 2020 арзёбӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ёдгориҳои таърихии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Маҷмааи ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, атрофи муҷассамаҳои устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва ғайраҳо ободу зебо гардида, барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда, дар харитаи сайёҳии шаҳри Душанбе ва дар сомонаи расмии сайёҳии мақомот www.dushanbe-travel.tj инъикос гардидаанд.

Дар баробари ин аҳли ҳунару эҷодии шаҳри Душанбе дар ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021» иштироки фаъол намуда, беҳтарин намунаҳои маҳсули ҳунарии ҳунармандони шаҳрро мунтазам манзури тамошобинон гардониданд.

Дар ин замина дар ташкили намоиши беҳтарин намунаҳои сару либосҳои миллӣ, аз қабили чакан ва атласу адрас, гулдӯзиву зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, атласу адрасбофӣ ҷойҳои муҳим ва намоёнро ишғол намуданд.

Дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши армуғон, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 3 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 6 китобхона, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳои гуногун дар 37 мавзеи пойтахт, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ва 900 иншооти варзишии таъиноташ гуногун ҷойгир буда, ҳамарӯза талаботи меҳмонони дохиливу хориҷиро қонеъ гардонида истодаанд.

Танзими анъана ва ҷашну маросим

Ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, танзими анъана, ки барои баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти сокинони шаҳри Душанбе равона шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот маҳсуб мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 74 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 19 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта, инчунин 29 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият менамоянд.

Дар ин давра тавассути комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бобати камхарҷ ва беисрофкорӣ доир намудани маъракаю маросимҳо, пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ, дар маҷмӯъ 578 суҳбату вохӯриҳо ва мулоқоти ҳайати васеи иштироккунандагон баргузор карда шуд.

Бо вуҷуди дар аксари тарабхонаю ошхонаҳои пойтахт тартиби истифодаи шартномаҳои тарафайн ба роҳ монда шуда бошад ҳам, то ҳол аз ҷониби баъзе шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ далелҳои қонунвайронкунӣ ба назар мерасанд. Бинобар ин, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо 3003 адад санҷишҳои муштарак дар ноҳияҳои пойтахт гузаронида шуд.

Аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, зимни гузаронидани санҷишҳо 56 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати онҳо  протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шуд. 

Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт маҷмӯан 6673 ҷашну маросимҳо, бо харҷи 25,9 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон мунтазам тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин давра аз 368 нафар донишҷӯёни муайяншудаи шаҳри Душанбе, то ба имрӯз 367 нафари онҳо ба ватан баргардонида шуданд. Вобаста ба 1 нафари боқимонда аз ҷониби сохторҳои дахлдор бо падару модарони онҳо пайваста суҳбату мулоқотҳо идома доранд.

Вазъи ҷинояткорӣ

Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, дар ҳудуди шаҳр ба 4764 адад баробар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 182 ҷиноят ё 4,0 фоиз зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.

 

 



Илова кунед